Эълони ҳолати фавқулодда дар Хабаровск

Дар кишвари Хабаровски Федератсияи Русия низоми ҳолати фавқулодда ҷорӣ шуд ва сабаби ин лағзиши пораи азими замин дар дарёи Бурея буд,-хабар медиҳад  ТААС. Ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки губернатори вилоят Сергей Фургал ахиран ин гуна дастурро имзо кардааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки ярч ҷараёни оби дарёи Буреяро дар минтақаи ноҳияи Буреяи Боло бастааст. Дар айни замон дар ҷойи ҳодиса ҳарбиён кор мекнуанд.

"Олимон ва ҳукуматдорони маҳаллӣ вазъро нигаронкунанда медонанд. Болотар аз маҳалли ярч деҳаи Чекунда ҷойгир аст, ки 117 нафар аҳолӣ дорад”,- омадааст дар сомонаи ҳукумати маҳаллӣ.

Ҳоло сатҳи об 254 метр буда, ҳолати фурӯ рафтани замин ба об 258 метр аст. Олимон мегӯянд вазъ метавонад моҳи апрел бадтар шавад, чун обшавии барфу ях сабабгори боло рафтани сатҳи оби рӯдхона мешавад.

Қарор аст рӯзи 22 январ Вазорати мудофиаи Русия ба корҳои инфиҷорӣ даст занад ва ин метавонад садди пайдошуда бар асари ярчро рахна кунад.

Маврид ба ёдоварист, ки замин дар ин қитъа рӯзҳои 9-10 декабр лағжида буд. Аз он ки майдони зарар васеъ буд, гумон мерафт, ки аз осмон шиҳобсанг (метеорит) афтода бошад. Аммо баъдан мутахассисон ин фарзияро рад карданд. 

Ин лағзиши замин калонтарин ҳодиса зарфи чанд соли охир дар Русия дониста мешавад.

барчасп: