Қабули довталабон барои Академияи ҳимояи граждании ВҲФ Русия идома дорад
Чоп шуд: 23/05/2019 | adminМӯҳтарам хатмкунандагони муассисаҳои таълимоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодфиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Академияи ҳимояи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ба соли таҳсили 2019 – 2020 озмуни довталабонро эълон мекунад. Дар ин озмун ҷавонписарони аз 17 то 24-сола ширкат карда метавонанд.