Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби даҳ маҷмуаи таҷҳизоти наҷот шуд

Ин таҷҳизот тавлиди ширкати “Холматро”-и Подшоҳии Нидерланд буда, дар доираи як барномаи муштарак миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди СММ амалӣ мешавад. Дар маросими таҳвили техника намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар низ ширкат намуданд.

22 майи соли 2019 барои воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 маҷмуаи таҷҳизоти наҷоти ширкати “Холматро”, тавлиди Подшоҳии Нидерланд барои гузаронидани амалиётҳои садамавиву наҷот, ки Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ кардааст, таҳвил дода шуд.

Ин кумак дар доираи лоиҳаи чаҳорсолаи “Таҳкими тавонмандиҳо дар коҳиши хатари офатҳо ва эътино”, ки миёни КҲФ, Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди СММ моҳи сентябри соли 2016 имзо шуда буд, амалӣ мегардад. 

Дар маҷмуаи таҷҳизоти наҷот инҳо дохил мешаванд: доскола, бозкунандаҳо (васеъкунандаҳо), дастгоҳҳои омехта, маҷмаҳо барои бартарафсозии садамаҳои мошинҳо дар роҳҳо, маҷмааҳо барои роҳандозии корҳои умумӣ, пояҳои гидравликӣ, болинҳои пневматикии фишорашон боло, сутуни нур, таҷҳизотҳои дастиву механикӣ ва ғайра.

Дар маросими таҳвили техника Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаджиме Китоака, Ҳамоҳангсози доимии Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Пратибҳа Метҳа,  Мушовири Сафорати ФР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Шарофутдинов Ш, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат намуданд.

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар суханронии худ ба шарикон барои техникаи таҳвилдодаашон изҳори ташаккур кард ва зикр намуд, ки ин таҷҳизот бидуни шак барои наҷоти ҳаёти бисёриҳо мусоидат мекунад ва кори наҷотдиҳандагонро сабук хоҳад кард.

Баъди суханрониҳо маросими имзои санади қабули техникаи таҳвилшуда баргузор гардид, ки зери он Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва Сарвари Барномаи Рушди СММ хонум Пратиҳа Меҳта имзо гузоштанд.

барчасп: