Дуди ғализӣ оташсӯзиҳо дар Мексика охири ин ҳафта вориди ИМА мешавад
Чоп шуд: 15/05/2019 | adminСӯхторҳои азими Мексика ҳатто ба нуқтаҳои аҳолинишин таҳдид мекунанд. Ҳазорҳо гектар майдонҳои бутазору рустанизор ба коми оташ мераванд. Гузашта аз ин вазъи зистмуҳитӣ дар минтақа рӯ ба харобӣ оварда ва қисмати марказии мамлакатро фаро гирифтааст. Пойтахти Мексика шаҳри Мехико, ҳамчунин иёлоти Мехико Пуэбла, Морелос, Мичоакан ва Герреро дудпечанд, хабар медиҳад Stormnews.