Сӯхторҳои азими Мексика ҳатто ба нуқтаҳои аҳолинишин таҳдид мекунанд. Ҳазорҳо гектар майдонҳои бутазору рустанизор ба коми оташ мераванд. Гузашта аз ин вазъи зистмуҳитӣ дар минтақа рӯ ба харобӣ оварда ва қисмати марказии мамлакатро фаро гирифтааст. Пойтахти Мексика шаҳри Мехико, ҳамчунин иёлоти Мехико Пуэбла, Морелос, Мичоакан ва Герреро дудпечанд, хабар медиҳад Stormnews.
Шаҳри Мехико яке аз бузургтарин шаҳрҳои кишвар ва минтақа буда, дорои 9 миллион аҳолӣ аст ва бо муҳоҷирон дар ин шаҳр ҳудудан 22 миллион нафар будубош доранд. Ҳоло як тумани нисбатан ғализ осмони ин шаҳрро пӯшидааст. Мақомоти тандурустӣ ба сокинон тавсия додаанд, ки дар чунин ҳавои дудӣ саргарми корҳои ҷисмонӣ ва фаъол дар кӯчаҳо нашаванд. Эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки агар вазиши бод абрҳои тираи дудии болои шаҳро пароканда накунад, барои равуои мошинҳо ва фаъолияти корхонаҳо маҳдудиятҳо ҷорӣ шавад.
Ҳавои ғализ муҷиби он шудааст, ки дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳо лағв шаванд. Ин тасмим ба он хотири гирифта шудааст, ки таъсири манфӣ ба саломатии атфол коҳиш дода шавад, менависад РИА "Новости" истинодан ба манбаъҳои давлатӣ.
Ҳавои ғализи Мексика метавонад ба ҷануби ИМА таъсир расонад. Ҳавошиносон дар иёлоти Техасс ба ин назаранд, ки охири ҳамин ҳафта дуд ба қаламрави Амрико ҳам ворид мешавад.