Имрӯз, 21 – уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Намояндаи ваколатдори Бонки Рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Прадипа Сривастава, роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон маросими амалисозии Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё амалӣ мекунанд, баргузор шуд.
Ин лоиҳа дар асоси Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030, Барномаи рушди КҲФ дар солҳои 2018-2022 таҳия шуда, аз се марҳила иборат аст:
1. Татбиқи васеи идораи хатари офатҳои табиӣ дар идораҳои давлатӣ;
2. Таҳкими иқтидор барои идораи офатҳои табиӣ ва кам кардани талафот;
3. Таҳияи харитаи роҳ барои сармоягузориҳои минбаъда ва устувории маблағгузорӣ.
Татбиқи лоиҳаи идораи хатари офатҳои табиӣ ба ҳалли вазифаҳо дар самти идораи коҳиши хатари офатҳои табиӣ мусоидат мекунад, ҳамчунин арзёбии маконҳои хатарнок ба ҳама гуна ҳолатҳои фавқулода, омодагӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таҳкими иқтидори техникии КҲФ, мониторинги кӯли Сарез, густариши системаи огоҳкунии пешакӣ, беҳбуд намудани ҳолати моддӣ-техникӣ ва омода кардани кормандони Хадамоти зидди жолаи Кумитаро дар бар гирифтааст.