Вохуриҳо бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва малакаи касбии кормандони Кумита бо ҳайати шахсии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, Раёсатҳои моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт, сохтмон, истифодабарии бино ва ишоотҳо, масъалаҳои кӯли Сарез, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ, Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрӣ ва Хадамоти зидди жола, бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», дар асоси Нақшаи чорабиниҳо аз ҷониби сардори Раёсати қӯшунҳо подполковник Давлатзода С., муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ полковник Шоев А., муовини сардори Раёсати қӯшунҳо подполковник Назаров Т., сардори Шуъбаи ҳуқуқ майор Исозода А., сардори Шуъбаи хизмати қӯшуни Аҳмадзода А., сардори Бахши таҳлилии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ подполковник Саторзода С., ва сардори Шуъбаи банақшагирии Сарраёсати мудофиаи гражданӣ капитан Қурбонов М. доир ба мавзуъҳои «Таърихи пайдоиши Конститутсия», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои он», «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар таҳия ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ», «Оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки самти соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро ба танзим медароранд»  машғулиятҳои бозомӯзӣ гузаронида шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар асоси нақшаи мазкур, корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ин самт идома доранд.

барчасп: