Мӯҳтарам хатмкунандагони муассисаҳои таълимоти ҳамагонии Ҷумҳурии Тоҷикистон! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муодфиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Академияи ҳимояи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ба соли таҳсили 2019 – 2020 озмуни довталабонро эълон мекунад. Дар ин озмун ҷавонписарони аз 17 то 24-сола ширкат карда метавонанд.
Омӯзишҳо дар самти “Бехатарии фазои техникӣ” (ихтисоси “Ҳимоя дар ҳолатҳои фавқулодда”) мегузаранд.
Касоне, ки ба Академия пазируфта мешаванд, тӯли таҳсил дар вазифаи курсант хоҳанд буд.
Интихоби номзадҳо бар асоси озмун ва аз натиҷаи имтиҳоноте сурат мегирад, ки аз фанҳои забони русӣ, физика, математика ва меъёрҳои омодагиҳои ҷисмонӣ супурдаанд.
Хоҳишмандон метавонанд то охири моҳи марти соли ҷорӣ ҳуҷҷатҳои худро ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита бо суроғаи: 734013, ш. Душанбе, кӯсаи Лоҳутӣ, х. 26, Раёсати кадрҳои КҲФ супоранд.
Отбор кандидатов производится на конкурсной основе и по результатам сдачи экзаменов по русскому языку, физике, математике и нормативов по проверке физической подготовленности.
Шароитҳои омӯзиш:
- донишомӯзон бо хобгоҳи ройгон таъмин карда мешаванд;
- тӯли муддати таҳсил бо стипения тибқи меъёрҳои муайяннамудаи Федератсияи Русия таъмин хоҳанд буд;
Мӯҳлати таҳсил 4 сол буда, хатмкунандагон соҳиби мадраки “Бакалавр” мешавад. Шакли таҳсил рӯзона.
Хоҳишмандон метавонанд то охири моҳи майисоли 2019 ҳуҷҷатҳои худро ба Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Кумита супоранд.
Суроға: 734013, ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, х. 26, Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ.
Телефони барои маълумот:
(+992 37) 227-71-81.