Гурӯҳи таблиғотии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21 ба номи Саидҷон Усарови шаҳри Хуҷанд мулоқот намуд.
Дар рафти вохўрӣ ба донишҷўён ёддоштҳо оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба ғарқшуда, мавзеъҳои мамнўъ барои шиноварӣ, мавзеъҳое, ки барои шиноварӣ шароит фароҳам оварда шудааст ва аз тарафи наҷотбахшон бехатарии шаҳрвандон ва истироҳаткунандагон кафолат дода меша вад, фаҳмонида шуд.
Дар охири вохўрӣ ба хонандагону донишҷўён варақаву китобчаҳои таблиғотӣ тақсим крада шуданд.
Илова бар ин дар марказҳои хизматрасонӣ, мағозаҳои «Амид-2», «Ваҳдат», «Асал», «Бозори маҳаллаи 34», боғи фарҳангиву фароғатии «Наврўзгоҳ», истгоҳҳо муроҷиатномаҳои Раёсат вобаста ба мавсими оббозӣ насб карда шуда, дар байни аҳолӣ зиёда аз 200 адад варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд.
Корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар вилоят идома доранд.
Шаҳзода БУТАЕВА,
сардори бахши кор бо чомеъаи
Раёсат, лейтенант