Як ҷумла, вале як ҷаҳон руҳбаландӣ...
Чоп шуд: 19/07/2019 | redaktorОре, ҳамагӣ як ҷумла буд ин пайки шодӣ. Дар ҳамин як ҷумла арзи сипоси се хонаводаи шод ғунҷид. Як ҷумлае, ки панҷ тан аз наҷотдиҳандагонро руҳбаланд кард. Онҳо бори дигар донистанд, ки кори нек ин гуна подоше дорад. Ҳамин аст он: АРЗИ СИПОС! Сипос ба касоне, ки инсонҳоро наҷот доданду медиҳанд. Сипос ба касоне, ки наҷоти башарро ба худ касб кардаанд.