Дар 16 соли охир Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ беш аз 500 миллион доллари ИМА зарар дидааст

Зарфи 16 соли охир дар Тоҷикистон 4232 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд ва ҳаҷми зарари расида беш аз 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумори офатҳои табиӣ 2,3 баробар ва ҳаҷми зарари расида аз ин офот 1,2 баробар афзуд. Дар ин офот 411 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...

КҲФ дар бораи сабабҳои афзоиши заминларзаҳо дар қаламрави ВМКБ. Ҷойи нигаронӣ нест, аммо эҳтиёт бояд кард!

Тайи 24 соати охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як силсила заминларза ба қайд гирифта шуд, ки дар миёни мардум “тафсир”-ҳои зиёдеро ба бор овард. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии воҳима ва ё нофаҳмӣ дар байни аҳолӣ аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори тавзеҳот шуд.

Дар маълумотномаи пешниҳоднамудаи Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла зикр шудааст:

Заминларза дар ҳудуди кишвар

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,18 сентябри соли 2024 соати 12:43 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 296 километр ҷанубу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 28 километр шимолу шарқӣ аз шаҳри Хоруғ буда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл, дар шаҳри Хоруғ 2-3 баллро ташкил додааст.

Заминларза дар қаламрави кишвар. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

17 сентябри соли 2024 соати 19:27 дақиқаи вақти маҳаллӣ бино ба гузориши Хадамоти Геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин зилзила 297 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 81-километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 4-5 балл ва дар шаҳри Хоруғ 3-4 баллро ташкил дод.

Бар асари заминларза талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар ба қайд гирифта нашудааст.

IX вохурии вазирон дар Душанбе

17 сентябри соли 2024 дар Душанбе ҷаласаи IX вазирон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ оғоз мешавад, ки ба як майдони муҳими муколама ва таҳияи тавсияҳо оид ба рушди устувор байни намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои иштирокчӣ дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ табдил меёбад.

Страницы