Идомаи кумак ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ
Чоп шуд: 07/08/2024 | admin
Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кумак ба аҳолии зарардида аз офатҳои табиӣ ва иҷрои фармоишҳои дахлдори Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода шуруъ аз 5 –уми августи соли 2024 ба оилаҳое, ки аз офатҳои табиӣ соли ҷорӣ пурра ва қисман зарар дида буданд, аз ҳисоби захираҳои моддии давлатӣ маводи ғизоӣ, ҷиҳози рӯзғор ва масолеҳи сохтмонӣ равона карда шуд.