Ҷиҳати омода намудани шахсони имконияташон маҳдуд ба ҳолатҳои фавқулода ва чи тарз амал намудан дар ин ҳолатҳо аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ «Мактаб-интернати № 5 барои кўдакони имкониятошон маҳдуд» ва Муассисаи давлатии «МД маркази оила ва кўдак №1» дар давоми моҳи март бо мурабиён ва тарбиягирандагон машгулиятҳо гузаронид.
Дар рафти машғулият ба иштирокчиёни чорабинӣ дар бораи барномаи мобилии «SOS», ки аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ роҳандозӣ гардидааст ва яке аз муҳимтарин вазифаҳои он мусоидат намудан ба фаъолияти босамари инсон дар вазъияти фавқулода мебошад, маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд.
Дар охири чорабинӣ навор аз фаъолияти наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тахтаи электронии муассиса намоиш дода шуд.