Суҳбати наврӯзӣ дар Раёсати Суғд

 Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба баргузории Иди байналмилалии Навруз дар Кумита ва сохторҳои он рӯзи 19 марти соли 2025 вохурии судманд баргузор кард.

Дар мулоқот Раҳимов Исломҷон Усмонҷонович-дотсенти кафедраи забонҳои форсиву чинӣ, номзади илмҳои филологӣ ва Қосимова Марҳабо Ҷурабоевна-дотсенти кафедраи забонҳои форсиву чинии  Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ширкат карданд.

Нишстро муовини сардори Раёсат подполковник Кучаков Ҷамшед ифтитоҳ намуд. Дар он ҳайати шахсии Раёсат, сармутахассисони шуъбаву бахшҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони курсҳои байниноҳиявӣ иштирок намуданд.  

 Дотсент Исломҷон Раҳимов дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашни миллии тоҷикон, инчунин доир ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллӣ, дастовардҳо, рушду нумуъ ва ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардидани Наврӯз баъди ба даст овардани Истиқлол суханронӣ кард.

Қайд карда шуд, ки Наврӯз тарғибгари арзишҳои таҳаммулгароӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба гуногуншаклии фарҳангӣ ва сулҳу созиш мебошад. Ҷашни Наврӯз барои ҳама подшоҳони ориёӣ аз ҷашнҳои бузург маҳсуб мешуд. Чунонки сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, Зардушт бо бунёдгузории расадхонае ба ченаки вақт асос гузоштааст. Чунин усули солшуморӣ то ба имрӯз устувор мондааст, ки он аз дурусттарин ва дақиқтарин тақвимҳо маҳсуб меёбад.

Наврӯз пайванди мо бо гузаштагони сарбаландамон ва хиради комилу безаволи онон аст, ки инсониятро ба иттиҳод ва некӯӣ даъват мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шуҳрату мақоми ин ҷашни бостонии мо чунин баён кардаанд:

“Ин ҷашни бостонии ниёгони мо рамзи абадияти зиндагӣ, эҳёи табиат ва покии инсон буда, барои мо-тоҷикон басо муқаддас ва гиромӣ мебошад. Зеро фарҳангу ойинҳои ориёии мо аз даврони қадим то имрўз бо суннатҳои наврӯзӣ ва сарнавишти миллати мо пайванди ногусастанӣ дошта, дар дилу дидаҳои мардуми мо ҷой гирифтаанд.

Наврӯз ҷашнест, ки ҷавҳари онро ҳаёту покӣ, муҳаббату садоқат, ваҳдату бахшояндагӣ ва некиву равшанӣ ташкил дода, суннатҳои наврӯзӣ ифодагари ҳамоҳангии байни инсон, табиат ва кайҳон маҳсуб мешаванд. Дар масири таърихи инсоният ва муборизаҳои тезутунди геополитикиву фарҳангӣ фақат арзишҳое қобилияти зиндамонӣ доранд, ки воқеан дорои ҷавҳари аслӣ буда, ваҳдати инсоният ва муҳити атрофро таъмин карда тавонанд.

Намунаи барҷастаи чунин арзишҳо Наврӯзи Аҷам аст, ки аз замони зуҳури хеш то имрӯз ба ҳамгироӣ ва пойдории равобити миллату қавмҳо мусоидат кардааст”.

Маҳз бо талоши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми сентябри соли 2009 ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси пурғановати бостонӣ ва фарҳангии башарият дар феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон аз ҷониби ЮНЕСКО  ворид карда шуд.

19 феврали соли 2010 дар Анҷумани ҷаҳонии 64-уми Созмони Миллали Муттаҳид 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» тасдиқ гардид, ки минбаъд мувофиқи Қатъномаи он Наврӯз ҳамасола дар арсаи байналмилалӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.

Ҷашни Наврӯз тӯли чандин ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун иди Соли Нав, иди бунёдкорӣ, хушнудӣ, ваҳдат, дӯстӣ, ҳамгироӣ, некбинӣ ва киштукори деҳқон анъана гардида, баъдан миёни қавмҳои дигари олам низ густариш ёфтааст.