Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои пурчангу ғубор ва селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 26-28 июли соли 2023 ба сабаби болоравии дамои ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш эҳтимоли болоравии сатҳи об вуҷуд дорад. Дар ин рӯзҳо ҳатто хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо дар ҳудуди баъзе ноҳияҳои

Анҷоми ду амалиёти махсус барои наҷоти кӯҳгардони хориҷӣ

22 июли соли 2023 тахминан соати 16:28 дақиқаи вақти маҳаллӣ як гурӯҳ иборат аз панҷ нафар кӯҳгардон аз Федератсияи Русия бо мақсади фатҳи қуллаи кӯҳ ба деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ расиданд. Ҳангоми боло шудан ба сӯи қуллаи мавриди назар яке аз онҳо бо исми Ярсев Герман Николаевич, соли таваллудаш 1973 аз хуруҷи бемории газаки шуш (пневмония) шикоят кард. Сарвари гурӯҳ Яна Борисовна Уляничева ба Кумитаи

Анҷоми амалиёти наҷоти кӯҳгарди белорус (ВИДЕО)

21 июли соли 2023 наздик ба соати 17 вақти маҳаллӣ баъди роҳандозии амалиёти мушкили наҷот, ки муддати ду шабонарӯз идома дошт, имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯҳгарди осебдидаи аҳли Белурусияро ба шаҳри Душанбе фуруд оварданд.

Дар фурӯдгоҳи Айнӣ кӯҳгардро духтурони беморхонаи КҲФ ва мошини Ёрии таъҷилӣ вохӯрданд ва ӯро ба бемористони “Истиқлол”-и пойтахт интиқол доданд.

Корҳои таблиғотӣ дар соҳили обҳои минтақаи Тоҷикобод

Корманди шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамроҳ бо кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, прокуратура, шуъбаи кор бо занон ва оила ва шуъбаи маориф дар соҳилҳои оби ноҳия бо истироҳаткунандагон вохӯрданд. Мутахассисон миёни мардум корҳои таблиғотӣ дар мавриди риояи қоидаҳои бехатар дар обҳо бурданд.

Роҳандозии ду амалиёти наҷот дар кӯҳҳои Лахш ва ВМКБ. Имдодгарон як кӯҳгарди маҷруҳро пайдо карданд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду амалиёти ҷустуҷӯиро барои наҷоти шаҳрвандони хориҷие роҳандозӣ мекунанд, ки ҳангоми фатҳи қуллаҳо дар Лахш ва ВМКБ ба мушкил рӯбарӯ шудаанд.

Ҳодисаи аввал рӯзи 19 июли соли 2023 тахминан соати...

Страницы