Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ ба хизматчиёни низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

4 сентябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбию махсус

Наҷоти як ҷавони 20-сола, ки дар оби дарёи Сир ғарқ мешуд

Наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар пешгирӣ аз ҳадисаҳои нохуш дар обҳо саҳм мегиранд.

Чунончӣ, рӯзи 3 сентябри соли 2024 наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ҳангоми гаштугузори...

Эълони ҷойи кор дар Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон барои довталабон ба вазифаҳои холӣ дар Раёсат озмун эълон мекунад.

Талаботҳои тахассусӣ

1) - Таҳсилоти олӣ (педагогӣ) 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Заминларза дар ҳудуди мамлакат

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 сентябри соли 2024 соати 11:09 дақиқа дар  ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза 41 километр ҷанубу-шарқӣ аз  ноҳияи Рашт, 19 километр шимолу-ғарбӣ аз шаҳри Роғун ва аз шаҳри Душанбе 111 километр шарқӣ буда, қувваи заминларза дар марказаш 4-балл ва дар шаҳри Роғун 3-баллро  ташкил додааст.

Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ сабаби интиқол 8 хонавода ба ҷойи амн шуд

31 августи соли 2024, соати 18:10 дар шохоби рости канали Баҳористон, ки аз канори заминҳои иловагии деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон мегузарад ва заминҳои кишти ноҳияи Хуросонро обёрӣ мекунад, садама рух дод. Дар натиҷаи хароб шудани қубур ва ба миқдори аз меъёр зиёд ҷорӣ шудани об ҳодисаи фурӯравии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагӣ ба қайд гирифта шуд.

Страницы