Имдодгарони КҲФ 7 шаҳрвандро аз зери тарма наҷот доданд

3 марти соли 2025, соати 15:00 дар натиҷаи фаромадани тарма дар километри 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар рафти корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ба наҷотдиҳандагони Кумита муяссар гардид, ки 7 нафарро, ки бо ду мошин аз Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат мекарданд, аз зери барфи баланд зинда берун бароранд. Ба осебдидагон ёрии аввалин расонида шуда, ба минтақаи бехавф интиқол дода шуданд. Ҳамаи онҳо аз бистарӣ шудан худдорӣ карданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, то 6 марти соли 2025 дар самти Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ (км 62-74) ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумита аз аҳолӣ даъват мекунад, ки аз сафар ва рафтан ба минтақаҳои хавфи тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар маҳалҳои кухй ва ё дар мавзеъҳои аз тарма хавфнок, бояд фосилаи муқарраршудаи байни мошинҳоро қатъиян риоя намоянд.

Дар роҳҳо бодиққат ва эҳтиёт бошед. Ҳаёти худро дар хатар нагузоред!

Агар шумо шоҳиди ҳодисае бошед, ки дар натиҷаи афтидани яхпора ё фаромадани тарма ба амал омадааст, ба хадамоти наҷотдиҳии КҲФ бо рақамҳои 223 13 11: 221 91 19 ё 93 880 28 19 занг занед.

барчасп: