Ҳушдори КҲФ аз омадани селҳо дар минтақаҳои ҷудогонаи кишвар. ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 12-13 апрели соли 2024 дар як катор ноҳияхои кӯҳии ҷумҳурӣ ва навоҳии ғарбии ВМКБ омадани селҳо эҳтимол дорад.

Аёдати собиқадорон дар остонаи иди Фитр

Ба шарафи Фитр кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо иттиҳоди Собиқадорони Кумита зумрае аз собиқадоронро аёдат карданд ва ба онҳо кумакҳои моддӣ расонданд.

 Афсарон ба собиқадорон барои талошҳои фаровонашон ҷиҳати кумак ба офатзадагон, мавқеи шаҳрвандӣ ва...

Корҳои имдодрасонии шабонарӯзи гузашта

Наҷотдиҳандагони КҲФ шабонарӯзи гузашта гурбаи дармонда дар қоши иморатро берун оварданд, сокинони дар лифти харобмондаро наҷот доданд ва дареро боз карданд, ки фарзанди ноболиғи соҳиби хона танҳо монда буд.

Соати 08:36 дақиқаи рӯзи 4 апрели соли равон як сокини кӯчаи ба номи Мирсаид Миршакар хоҳиш кард, ки барои аз қоши иморат берун кардани гурбааш, ки дар он дармондааст, кумак кунанд. 

Сӯхтор дар як бинои бландошёнаи шаҳри Кӯлоб: Имдодгарон сокинони дар гирдоби оташмондаро ба ҷойи амн бурданд

Ҳеҷ кас аз хатари офатҳои табиӣ ё техногенӣ эмин нест. Аммо наҷотдиҳанда будан ба он маъност, ки ҳамарӯз омода бошӣ, то ҷони инсонҳо аз хатарҳои эҳтимолӣ бираҳонӣ. Ва ин худ қаҳрамонӣ аст, агар як нафар бо кумаки ту аз марг наҷот ёбад.

Ҳар як наҷотдиҳанда дарк мекунад, ки пушти сари ӯ ҷони инсон, моликияти давлатӣ ва шахсӣ аст. Аз ин рӯ, бо камоли ҷасорату матонат барои ҳифзи он талош мекунад.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хатари тарма сел дар рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои оянда низ хатари лағжиши тарма дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ва навоҳии ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боқӣ мемонад ва дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон омадани селҳо дар назар дошта шудааст.

Страницы