Санаи 21 феврали соли 2024 дар Дастгоҳи марказии Кумита бо иштироки Раиси Кумита генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, муовинони раиси Кумита, Шӯрои собиқадорон ва ҳайати шахсӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 32 солгарди таъсисебии Артиши миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ раҳбарияти Кумита ва намояндагони Шӯрои собиқадорони Кумита суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки дар таъсис ва рушди Артиши миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ, Генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми нотакрор ва арзанда гузоштааст.
Инчунин ба саҳми ҳозирин таърихи таъсисебии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ расонида шуда, қайд гардид, ки Артиши миллии Тоҷикистон 23 феврали 1993 бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи «Фронти халқӣ» ва гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ мекарданд, таъсис ёфтааст. Дар марҳалаи аввал ҳадафи асосии таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон ташаккули нерӯи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи музаффариятҳои истиқлолият қодир бошад, озодии шаҳрвандон ва мухторияту амнияти кишварро таъмин намояд.
Вобаста ба таъйиноти мазкур гурӯҳҳои муташаккилу зудамал ташкил карда шуданд, ки вазифаи асосиашон муқовимат бо қувваҳои зиддиҳукуматӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ буд. Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи Раиси Кумита хизматчиени ҳарбӣ бо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ ва медалҳои ҷашнӣ қадрдонӣ карда шуданд.