КҲФ: То 27 март хатари лағжиши тарма боқӣ мемонад. ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Чоп шуд: 20/03/2024 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 21-22 марти соли равон бар асари боришоти зиёд эҳтимоли боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо, аз ҷумла дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое, ки аз қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.