Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи хавфноки деҳаи Отчопари ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ, бо ҷалби аҳолӣ ва кормандону хидматчиён рузҳои 25-26 январи соли 2025 машқи ғайринақшавӣ ташкил ва гузаронид.
Чунончӣ, рӯзҳои 25-27 январи соли 2025 ин тамрин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Озодагон деҳаи Отчопар гузашт. Бинобар сабаби бориши боронҳои пай дар баҳору тобистони соли 2024 ду адад қубурҳои оҳанини 5 метра, ки қутрашон 1500 мм бар асари сели азим корношояш шуда буд. Бо ҷалби 90 нафар аҳолии деҳаи мазкур, 15-нафар кормандону хидматчиён ва 4 адад техникаю механизмҳои гуногунтамға аз қабили 1-адад экскватор, 1-адад булдозери Т-75 ва 2-адад мошини КАМАЗ ин мушкил пурра рафъ карда шуд. Қубурҳо аз хоку регу гил пурра тоза карда шуданд.
Илова бар ин дар ин рeз бо тариқи ҳашар бо иштироки 63-нафар аҳолӣ, 6-нафар кормандону хидматчиён, бо истифода аз 1-адад экскватор ва 4-адад Автомашинаи тамғаи КАМАЗ 70 мошин сангу шағал кашонида шуда, роҳи маҳалиро бо масофаи 2900 метр сангфарш намудаанд.
Дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат, деҳаи Вахё канали Ҳалқаёр бо истифода аз як адад экскватори хадамоти муҳофизат аз селҳо ва роҳандозии корҳои соҳилбандӣ ба масофаи 800 метр аз қуму лой дар давоми гузаронидани машқ тоза карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки санаҳои 24-25 январи соли 2025, машқи ғайринақшавӣ бо ҷалби қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Дустӣ ва ҷамоати деҳоти Панҷ тоза намудани канали обтаъминкунии деҳаҳои Обшорон, Суғд ва Истиқлол бо ҷалби 300-нафар аҳолӣ, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо ва раисони ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ва ҷамоати деҳоти Панҷ бо ҷалби 2-адад Экскватор, 3-адад мошини боркаш, 1-адад мехлапата зиёда аз 3-километр канал тоза карда шуд.