КҲФ: Хатари лағзиши тармаву сангрезӣ ва туман дар роҳҳои кӯҳӣ то 20-уми январ боқӣ мемонад
Чоп шуд: 18/01/2025 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон мекунад, ки ба сабаби боришоти пуршиддат то 20-уми янгвари соли равон хатари лағзиши тарма, резизи санг дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз таҷҳизоти гармкунии барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, аз дастгоҳҳои барқии худсохт истифода набаранд.