17 январи соли 2025, соати 14:00 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки ҳангоми кор дар дохили кони ангишти Фон-Яғноб, воқеъ дар ноҳияи Айнини вилояти Суғд, бар асари фурӯ рехтани сангу рег се нафар кӯҳканҳо зери харобаҳо мондаанд.
Барои анҷом додани корҳои фаврӣ ба ҷойи ҳодиса гурӯҳҳои наҷоти кӯҳии КҲФ дар вилояти Суғд сафарбар карда шуданд.
Наҷотдиҳандагон пас аз расидан ба ҷойи ҳодиса бо роҳандозии корҳои наҷот ҷасади се нафарро пайдо ва аз кон берун овардаанд.
Ҳалокшудагон яке 47-сола, дуюмӣ 42 ва сеюмӣ 41-сола буданд.
Ҷасадҳо ба беморхонаи вилоятӣ бурда шуданд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои фоҷеаро таҳлилу тафтиш мекунанд.