Ҳушдор аз барфу борони рӯзҳои 17-20-уми январ
Чоп шуд: 16/01/2025 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ аз 17-ум то 20-уми январи соли 2025 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва дар ҳудуди шаҳри Душанбе бориши барфу борон дар назар дошта шудааст. Дар аксари ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ боришоти шадид, паст шудани ҳарорат ва туман дар назар аст.