Боз кардани даре, ки баста буду тифли даҳсола дар дохил монда
Чоп шуд: 23/01/2025 | redaktor23-уми январи соли 2025, соати 01:01 дақиқа шаҳрванд Исмоил Самизода ба навбатдории маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дари даромадгоҳи асосии як бинои баландошёна дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои пойтахт баста шудаву, як писари даҳсолаи ӯ дар хона танҳо мондааст.