23-уми январи соли 2025, соати 01:01 дақиқа шаҳрванд Исмоил Самизода ба навбатдории маркази идоракунии ҳолатҳои бӯҳронии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки дари даромадгоҳи асосии як бинои баландошёна дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои пойтахт баста шудаву, як писари даҳсолаи ӯ дар хона танҳо мондааст.
Барои кумак ба шаҳрванд ва бартараф намудани ҳолати баамаломада мазкур соати 01:04 дақиқа Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд.
Соати 01:55 дақиқа дарро кушоданд. Писари соҳибхона ниёз ба кумаки равониву тиббӣ надошт.
Имдодгарон бо волидони кӯдак дар мавриди паёмадҳои эҳтимолии танҳо дар хона гузоштани кӯдаки ноболиғ суҳбат карданд.