Activities calendar

31 январи 2025

Суҳбати Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ атрофи Паёми Пешвои миллат

31 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода Ҳуснигул Раҷаб вохӯрӣ баргузор шуд.

Дар мулоқот ҳайати шахсии Кумита ширкат намуд.

Роҳадозии корҳои ободонии минтақаҳои аз сел зарардидаи ноҳияи Панҷ

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минтақаи хавфноки деҳаи  Отчопари ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ, бо ҷалби аҳолӣ ва кормандону хидматчиён рузҳои 25-26 январи соли 2025 машқи ғайринақшавӣ ташкил ва гузаронид.

Хонаи бехатар-ҳаёти бехатар

Хона ин ҷоест, ки амнияти шумо дар он таъмин аст, танҳо ба он шарт, ки қоидаҳои бехатариро риоя кунед. Кӯдаконро ба баррасиҳои амнияту бехатарӣ ҷалб кунед, то онҳо фаҳманд, ки дар ҳолати хатар бояд чӣ кор кард.

Масалан, ба онҳо фаҳмонед, ки дар ҳоли пеш омадани хатар ба куҷо ва чи гуна муроҷиат кунанд! Кӯдакони шумо ҳатман...