31 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода Ҳуснигул Раҷаб вохӯрӣ баргузор шуд.
Дар мулоқот ҳайати шахсии Кумита ширкат намуд.
Дар ин нишаст Ҳуснигул Одиназода талош кард муҳимтарин нуктаҳои Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро шарҳ диҳад.
Вай аз ҷумла гуфт, ки Паём ин худ як барномаи раҳнамо ва амал барои як сол ва бештар аз он аст. Дар Паём ҳамасола Пешвои муаззами миллат дастовардҳои як соли охирро ном мебаранду таҳлил мекунанд, иҷрои муҳимтарин Барномаҳои давлатиро дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла дар самти сиёсат, иқтисод, тиҷорат, рушди кишоварзиву саноат, сиёсати хориҷӣ, маориф, илм, фарҳанг ва ғайра ҷиддат таҳлил мекунанд ва барои солҳои баъдӣ вазифаҳои нав мегузоранд.
Намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши дигар аз суханрониаш иброз дошт, ки татбиқи дастовардҳои илму технологияи замонавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳимми ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мебошад. Бахусус таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф хеле бештар шуда, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятнок табдил меёбанд. Имрӯз ҳар фарзанди тоҷик имкон дорад, ки на фақат дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ дар донишгоҳҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ дониш омӯхта, соҳиби касбу ихтисос гардад.
Гузаштагони мо, ки барҳақ, ҳам пояҳои назарию ахлоқии дини мубини исломро асос гузоштаанд ва ҳам барои ҷаҳониён адабиёту фарҳанги оламгир ба мерос гузоштаанд, ҳамеша зидди ҷаҳолат, таассуб ва хурофот мубориза мебурданд, ин зуҳуротро монеаи пешрафту шукуфоии ҷомеа медонистанд, озодӣ, ворастагӣ ва сарфарозии инсонро аз ҳама боло ва муқаддас меҳисобиданд. Ин нуктаҳо дар бештари суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз мегарданд.
Дар охири мулоқот роҳбарияти Кумита ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво изҳори сипос кард ва ӯро бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Сардори Раёсати кадрҳо ва
кор бо ҳайати шахсӣ
полковник
М. Аҳмадзода