Ҷамъомади таълимӣ-методӣ дар Раёсати ВМКБ

Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолтаҳои фавқулодда барои соли 2025, ки тибқи қарори раиси ВМКБ аз 22 ноябри соли 2024, №356 бо мақсади пурзӯр намудани фаъолияти зернизомҳои ҳудудии Низоми ягона оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда санаи 22 январи соли 2025 бо зернизомҳои ҳудуди Низоми ягонаи вилоят, ҷамъомади таълимӣ-методӣ гузаронида шуд.
Ҷаласаро сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ полковник Миракзода Н., ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони чорабиниро бо барномаи ҷамъомади таълимӣ – методӣ шинос намуд.
Дар ҷамъомад масъалаҳои баррасии “Нақшаи чорабиниҳои асосии ВМКБ барои соли 2025” ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз тарафи мутахассисони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. 
Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ ба шахсони масъули хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии Низоми ягона вобаста ба роҳ мондани рафти ҳуҷҷатгузорӣ ёрии амалӣ-методӣ расонида шуд.

 

барчасп: