КҲФ: Хатари лағзиши тармаву сангрезӣ ва туман дар роҳҳои кӯҳӣ то 20-уми январ боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон мекунад, ки ба сабаби боришоти пуршиддат то 20-уми янгвари соли равон хатари лағзиши тарма, резизи санг дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.  

 Дар робита ба ин Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз таҷҳизоти гармкунии барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, аз дастгоҳҳои  барқии худсохт истифода набаранд. 

Дар вақти истифода бухориҳо бештар эҳтиёт кунанд. Маъмулан дар деҳот аз бухориҳо истифода мекунанд ва барои гарм кардани хонаҳо ангишт ва дигар маводи сӯзанда мавриди истифода қарор мегирад. 

Пеш аз аз ҳама зарур аст дудбарои хонаҳо аз назар гузаронида шаванд. 

Ҳангоми истифода аз ангишт барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ҳатман бояд хонаҳо ҷойи ҳавобаро дошта бошанд, то дуди ангишт бемалол хориҷ шавад ва сабаби мусибати хонаводаҳо нагардад.  

Аз сокинон хоҳиш карда мешавад, ки кӯдаконро беназорат нагузоранд. 

 

Пеш аз сафар омодагии мошинҳоро бисанҷанд, чархҳои тобистонаро бо зимистона иваз кунанд. Талош кунанд мошинашон бо доруқуттии пур аз доруҳои зарурӣ таъмин бошад.

Бидуни телефонҳои мобилии омода ба сафар баромадан мумкин нест. 

Сокинони навоҳии кӯҳиву назикӯҳӣ дар чунин рӯзҳо дар чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, шикор, моҳидорӣ эҳтиёт кунанд. 

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд намуда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқии гармкунанда қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намоянд.  

 

Дар ҳоли рух додани ҳолати фавқулода шумо метавонед ба рақами 112 ва ё телефонҳои  (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат кунед. 

Истифода аз замимаи мобилии КҲФ «SOS» ҳар мушкили шуморо ба зудӣ осон мекунад! 

 

 
барчасп: