Аз моҳи январ то марти соли чорй дар кишвар ҳаракати ҷумҳриявиии ниҳолшинонӣэълон карда шуд. Дар ин давра дар шаҳру навоҳии кишвар талошҳо барои шинондани ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шуруъ шуданд.
Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 «Дар бораи идҳо, ҷашнҳо, намоишгоҳҳо ва фестивалҳои озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» ва ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, 18 январи соли 2025 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шинондани зиёда аз 400 ниҳол дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки Президенти кишвар дар суханрониҳои худ пайваста таъкид мекунанд, ҷиҳати ислоҳи вазъи номусоиди муҳити зист ва пешгирии вайроншавии минбаъдаи он, пеш аз ҳама, аз ҳисоби хеле кам кардани партобҳои газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ, истифодаи оқилонаи захирахои об, яъне ба номи начоти табиат ва инсоният чораҳои таъхирнопазир ва муассир андеша шаванд.