2-уми феврали соли равон дар роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб садама рух дод, ки бар асари он ронандаи мошини боркаш ба ҳалокат расид.
Бино ба гузориши Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як мошини сементкаши тамғаи HOWA-MIKSER, ки аз ҷониби як сокини 48-солаи деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ идора мешуд, ба кӯҳ бархӯрдааст.
Бар асари ин ҳодиса ронандаи мошин дар макони садама ба ҳалокат расидааст. Сабаби бархӯрд маълум нест, аммо тахмин меравад, ки ронанда ба ким-кадом сабабе аз уҳдаи идрои мошин набаромадааст.
Баъди дарёфти хабар кормандони Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷоти КҲФ дар шаҳри Норак ба ҷойи ҳодиса расиданд.
Онҳо ҷасади ронандаи ҳалокшударо аз дохили мошин беру оварда, ба сардхонаи шаҳри Норак интиқол доданд.