Паёми шодбоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори фаро расидани яке аз ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёду тамаддунсозамон – Сада самимона табрик мегӯям.

Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соли 2009 ҷашни Наврӯз, яъне Соли нави аҷдодии мо бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт.

Баъдан дар таърихи 6-уми декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми ЮНЕСКО ҷашни Сада ва 4-уми декабри соли 2024 дар 19-умин ҷаласаи ин созмони бонуфуз ҷашни Меҳргон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.

Имрӯз ин се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон бо номҳои равону зебои тоҷикии худ аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта шудаанд ва таҷлил карда мешаванд.

Зеро дар ҷашнҳои миллии мо на танҳо арзишҳои фарҳанги бостонӣ ва ниятҳои неку созандаи мардуми мо бозтоб гардидаанд, балки онҳо ифодакунандаи ғояву ормонҳои пурарзиши башарӣ низ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки маҳз бо дарназардошти ҳамин нукта онҳо аз доираи як миллат ва як минтақа фаротар рафта, бо ташаббуси Тоҷикистон ба ҷашнҳои умумибашарӣ мубаддал гардида истодаанд.

Ҳамзамон бо ин, дар кишвари мо таҷлили ҷашни Тиргон низ ба анъана табдил ёфтааст.

Яъне ба шарофати соҳибистиқлолӣ чор ҷашни миллиамон, ки дар чор фасли сол бо расму ойинҳои ба худ хос таҷлил карда мешаванд, на танҳо эҳёву оммавӣ гардиданд, балки тадриҷан дар миқёси олам низ нуфузу эътироф пайдо мекунанд.

Дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон ва эҳёву гиромидошти беҳтарин расму ойинҳои гузашта худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии мардуми кишварро таҳкиму тақвият мебахшад.

Ҷашни Сада аз ҷумлаи расму ойинҳои аҷдодие мебошад, ки аз даврони хеле қадим ба мо мерос монда, бо ҷашнҳои дигари миллиамон, бахусус, Наврӯзи байналмилалӣ иртиботи қавӣ дорад.

Ба ақидаи маъмул номи ҷашни Сада аз рақами сад гирифта шуда, зери ин мафҳум маъниҳои зиёде нуҳуфтаанд.

Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ат – тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ин ҷашнро аз миқдори рӯзҳои то иди Наврӯз боқимонда, яъне панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз шарҳ медиҳад.

Дар робита ба ин, муҳим аст таъкид намоем, ки номи ҳамаи ҷашнҳои бостонии мо дар забони модарии ширину гуворои мо реша доранд ва калимаи «сада» вожаи ноби тоҷикист, ки аз адади сад таркиб ёфтааст.

Ҷашни Сада аз айёми бостон то ба имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму ойинҳо, одобу суннат ва бовару эътиқодҳо омада расидааст.

Моҳият ва асли онҳоро пирӯзии шодию сурур бар ғаму андӯҳ, гармо бар сармо, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ рамзи асосии ин ҷашн мебошад.

Ҷашни Сада аз омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва аз наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад.

Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада кишоварзони моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафа бинанд.

Дар робита ба ин, инчунин, бо дарназардошти вазъи зудтағйриёбандаи ҷаҳони имрӯза, торафт боло рафтани нархи маводи ғизоӣ, гармшавии иқлим, ки обшавии пиряхҳо яке аз пайомадҳои он буда, боиси камобиву хушксолӣ гардида истодааст, кишоварзони мамлакатро дар ин айём зарур аст, ки махсусан ба масъалаи парваришу захираи тухмиҳои беҳтарин ва ниҳолҳои серҳосил таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Чунонки дар паёми навбатӣ таъкид намудам, мо бояд барои таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода карда, рушди соҳаи кишоварзиро дар заминаи дастовардҳои инноватсионӣ ба роҳ монем.

Ниёгони мо пас аз гузаронидани ҷашни Сада ба ниҳолшинонӣ ва ба тартиб овардани дарахту боғҳо машғул мешуданд.

Мардуми сарбаланди тоҷик, ки аз замонҳои хеле қадим то кунун бунёдкору созанда мебошанд, ин анъанаи неки аҷдодиро имрӯз низ идома дода, дар сарсабзу обод гардонидани Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд.

Бо нияти ободиву пешрафти рӯзафзуни Тоҷикистони маҳбубамон бори дигар мардуми шарифи кишвар, бахусус, кишоварзони мамлакатро ба ифтихори ҷашни Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар тандурустӣ, бахту саодат ва иқболи нек орзу менамоям.

Ҷашни Сада муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Манбаъ: Сомонаи Президенти ҶТ

барчасп: