Дар ҳудуди мамлакат заминларза ба қайд гирифта шуд

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 октябри соли 2024 соати 18:21 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза дар 292 километри ҷанубу шарқӣ аз шаҳри Душанбе,  ҳудуди Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминларза ягон хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бахшида ба рӯзи ҷаҳонии хатари офатҳо дар Бохтар

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмиллалии “Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон” рӯзи 11 октябри соли 2024 дар майдони варзишии Донишгоҳи Давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо як силсила чорабиниҳо доир намуд. Аз ҷумлаи ин тадорукот баргузории  викторинаҳо, озмуни

Радиовикторина дар Радиои «Азия-Плюс»

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо баргузор мегарданд, идома доранд.

Чунончӣ, 11 октябри соли 2024 дар Радиои «Азия-Плюс» дар давоми ду соат муколама байни мутахассисони Кумита ва

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо

11 октябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо  дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмиллалии “Котиботи байналхалқии захираҳои об”, “Юнисеф”, “Ташкилоти ҷамиятии гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф”, инчунин Бахши Раёсати Кумита дар шаҳри Хуҷанд, Раёсати маорифи вилоят, Шуъбаи маъорифи шаҳри Хуҷанд дар Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат дар

Ҳарорати ҳаво тағйир меёбад ва дар минтақаҳо барфу борон меборад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 12 то 15-уми октябри соли равон дар ҳудуди баъзе аз ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва баъзе навоҳии ғарбии ВМКБ борон меборад ва дар шарқи ВМКБ эҳтимоли боридани борону барф вуҷуд дорад.

Страницы