Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз садамаи як мошин хабар дод, ки бар асари он ду нафар ҷон бохтанд.
Ин ҳодиса рӯзи 6 –уми январи соли 2025 соати 14:50 дақиқа рух додааст. Манбаъ хабар додааст, ки автомошинаи тамғаи Mercedes-Benz, ки аз ҷониби як сокини деҳаи Чучуии ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон идора мешуд, ба канали шохоби рости деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон сарозер шудааст.
Сабаби ин фалокат суръати баланди ронандагӣ ва аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда унвон шудааст.
Дар садама ҳам ронанда ва ҳам мусофири он ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта шудааст, ки ронанда 21-сола ва ҳамсафари ӯ, ки низ сокини деҳаи Чучуии ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон буд, ҳамагӣ 16 сол дошт.