Дар Малиба хонаҳои шахсиятҳои маъруф аланга мегирад
Мақомоти ИМА аз ҳалокати 5 нафар дар сӯхторҳои ахири ҷангал дар Лос-Анжелис хабар медиҳанд. Бино ба иттилои як рӯзи пеш забонаи оташ ба теппаҳои Ҳоливуд расид ва сокинони ин минтақа ба ҷойҳои амн интиқол дода мешаванд.
Сардори пулиси округи Лон-Анжелис Роберт Луна изҳор дошт, ки як рӯз пеш дар оташсӯзӣ ду нафар ҷон бохта буданд ва ҳоло ин рақам ба 5 расид. Вай ҳамчунин гуфт, ки то кунун ин имкон пайдо нашудааст, ки хатари сӯхтор бартараф карда шавад. Боди шадид ва беборишӣ оташро бештар аланга медиҳад.
Ҳукуматдорон эълон карданд, ки дар Лос-Анжелес дар айни замон 5 ҷангал оташ мегирад ва ин минтақаест, ки беш аз 150 ҳазор нафар дар он сукунат доранд.
Майдони сӯхтори шадид дар ноҳияи Пасифик-Палисейдс миёни Санта-Моника ва Малиба бештар аз 60 километри мураббаъ аст. Бино ба гуфтаи сардори идораи зиддисӯхтори округи Лос-Анжелес Энтони Марроне алакай дар он ҷо сӯхтор на камтар аз ҳозор биноҳоро ба коми худ кашид.
Дар Малиба шахсиятҳои зиёди маъруф хона доранд. Рӯзи чоршанбе нашрияи TMZ хабар дода буд, ки дар Малиба як хонаи мутааллиқ ба ҳунарманд ва сароянда Пэрис Хилтон ба хокистар табдил шуд. Баъдтар худи ӯ бо ин сатрҳо дар Инстиграмма ин ҳодисаро тайид кард: “Қалбаб ба ҳадде шикастааст, ки наметавонам ҳолатамро ба сухан иброз дорам. Бо аҳли хонавода дар назди телевизор нишаставу тамошо кардани ин манзара, ки чӣ гуна дар Малиба хонаҳои мо ба коми оташ меравад, даҳшат аст ва инро касе набояд таҷриба кунад. Ин хона маконе буд, ки бисёр хотироти гаронарзиши зиндагии ман бо вай алоқаманд аст”.
Расонаҳои амрикоӣ дар бораи туъмаи оташ шудани хонаҳои истиқоматии дигар ҳунармандону ситораҳои Ҳоливуд менависанд. Шаби панҷшанбе дар як нишасти матбуотӣ мақомот хабар доданд, ки сӯхтори дигаре дар минтақаи Ҳоливуд аланга зад, дар пуштае, ки нишони машҳури Ҳоливуд қад афрохтааст, майдони сӯхтор ба шиддат меафзояд.
Кишвардори Лос-Анжелес хабар дод, ки ба минтақаи Ҳоливуд неруҳои зиёди полис эъзом шудаанд. “Мо ин қувваҳоро ба Ҳоливуд фиристодем, то ба интиқоли одамон кумак кунанд ва бори гарони ин мусибат сабуктар шавад”,-гуфт ӯ.
Президенти ИМА Ҷо Байден иёлати Калифорнияро минтақа офати табиӣ эълон кард ва дастур дод, ки кумакҳои федералӣ расонанд.
Ҷо Байден ҳамчунин сафараш ба Италияро ба хотири ҳамоҳангсозии кумакҳо ба макони офатзада мавқуф гузошт.