Ҷаласаи солонаи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе  6 январи соли 2025, вобаста ба иҷроиши Нақшаи баргузории ҷаласаи ҷамбастии фаъолияти соҳа дар соли 2024, бо иштироки муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Сулаймон Исозода ва ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтории он ташкил ва гузаронида шуд.

            Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои зерин барарсӣ шуданд:

            - Ҳисоботи фаъолияти Раёсати Кумитаи ҲФ ва МГ-ӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 2024;

            - Иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 №778 “Қоидаҳои ташкил ва истифодабарии манбаъҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ”;

- Иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2023 №186 “Дар бораи Барномаи давлатии соҳилмустаҳкамкуни дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”;

            - Иҷроиши барқияи телефони №6/1-254 аз 21.05.2024 соли оиди дастуру супориши Протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси Кумита №24 аз 21 майи соли 2024, ҷиҳати дуруст амал намудан дар ҳолатҳои фавқулодда ва расонидани ёрии аввалин ба худ ва наздикон бо истифода аз Барномаи “SOS”.