Сарвари КҲФ дар видеоконфронси байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ кард

7 январи соли 2025 раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар конфронси байналмилалӣ, ки аз ҷониби Раёсати миллии мубориза бо офатҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Сарвари КҲФ дар суханронии худ ба созмондиҳандагон изҳори сипос намуда, ҳамкориҳои судманди КҲФ Тоҷикистон ва Раёсати миллии мубориза бо офатҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Покистонро сутуд. Вай таъкид кард, ки офатҳои табиӣ сарҳад надоранд ва мо бояд тавоноии худро дар мубориза бо онҳо боз ҳам тақвият бахшем.

Ин конфронс дар чаҳорчӯби сафари намояндагони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Ассотсиатсияи Осиёи Ҷанубӣ оид ба ҳамкориҳои минтақавӣ ба Исломобод ва боздид аз Раёсати миллии мубориза бо офатҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор шуд.

барчасп: