Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №265 “Дар бораи Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва Нақша-чорабиниҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) оид ба татбиқи ин барнома, санаи 28 феврали соли 2025 дар толори Раёсати КҲФ ва МГ дар ВМКБ вохӯрии ҳайати шахсии Раёсат бо намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, нозири калони шуъбаи пешгирии нашъамандӣ майор Ҳайдарзода Гев баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовар масъалаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар-ро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мубориза бо ин падида як қатор чораҳои дахлдор, аз ҷумла Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар барои солҳои 2021-2030, Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, инчунин Барномаи давлатии муқовимат бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2021-2030-ро таҳия ва амалӣ менамояд.
Таъкид гардид, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сарҳад, миллат ва дин надорад, балки пояҳои асосии тамаддун – ҳаёт, саломатӣ ва амнияти миллионҳо одамон-ро зери хатар мегузорад. Намояндаи Агентии зидди нашъаовар инчунин зикр кард, ки масъалаи мубориза бо мухаддирот аз солҳои аввали истиқлолият зери таваҷҷӯҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд подполковник Шоисмат Ш. ва сардори Маркази таълимӣ-методии Раёсати вилоят Хусравова Ш. ба намояндаи Агентӣ саволҳо пешниҳод намуданд, ки ба онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.