19 - уми марти соли 2025 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҷаноби Филипп Жефруа – менеджери калони барномаи Иттиҳоди Аврупо ва коршиноси технологияи навро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот Раиси Кумита меҳмононро бо фаъолияти КҲФ дар ҳифзи аҳоли ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода шинос кард.
Ҳамчунин ҳамкориҳои дуҷониба бо Барномаи Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар поёни дидор ҷонибҳо ба пойбандии худ ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти таҳияи фанновариҳое, ки ба пешгирӣ аз сар задани офатҳои табиӣ ва анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи онҳо мусоидат мекунанд, таъкид карданд.