18-уми марти соли 2025 соати 13:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки ҳангоми барои пайдо кардани оби ошомиданӣ чоҳ кофтан як сокини 27-солаи деҳаи Сафари ҷамоати деҳоти Панҷрӯди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар умқи панҷ метр зери хок мондааст.
Барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияҳои Кӯлоб сафарбар шуданд.
Онҳо ба ҷойи ҳодиса расида муайян карданд, ки ҳангоми дар умқи чоҳ будан хоктӯдаи азим аз боло болои сараш рехтааст ва ҷавон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Имдодгарон ҷасади ҷавонро берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо изҳори таслият ба наздикон пайвандони ҷавони фавтида аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ба роҳ мондани ин гуна корҳо ҳатман қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Бахусус, дар ин фасли сол, ки хок нарм, чоҳокобӣ хатарҳо дорад.