12 марти соли 2025 дар бинои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе тамрини ситодии мудофиаи граждании давраи зимистона дар мавзўи: «Амали ҳайати роҳбарикунандаи зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъшавӣ, таҳлили вазъият ва бартараф кардани оқибатҳои боронҳои пай дар пай ва рахнашавии ҳавзҳои обтагшингоҳи Қиблаӣ ва Қамчин» гузаронида шуд.
Ин тамрин дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 30 декабри соли 2024 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳо оид масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2025» ва бо мақсади таъмини омодагии доимӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва мусоидат намудан барои устувории фаъолияти зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии шаҳри Душанбе ва иншоотҳои иқтисодӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, роҳандозӣ гардид.
Дар машқҳои мазкур 12 зернизомҳои вазифавӣ, 7-нафар сардори ситодҳои иншооти иқтисодии шаҳри Душанбе ва ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе, иштирок намуданд.