Туркия охирин омори фавтидагони заминларзаи Измирро эълон кард: ҳалокшудагон 116 ва маҷруҳон 1035 нафар
Чоп шуд: 05/11/2020 | redaktor
Туркия омори ҳалокшудагон ва маҷруҳони заминларзаи Измирро эълон кард. Бине ба гузориши Reuters дар ин заминларза, ки рӯзи 30-уми октябри соли равон рух дода буд, 116 нафар ҷони худро аз даст доданд. Аз пештар Анқара аз ҳалокати 114 нафар хабар дода буд, вале баъдан боз ду навраси дигар аз ҷазираи Самос ба ин омор ҳамроҳ карда шуданд. Ин хабаргузорӣ истинодан ба мақомоти расмии Туркия шумори маҷруҳонро 1035 нафар навишт.