Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам ба 90 миллиону 702 ҳазору 906 нафар расид. Зарфи як шабонарӯзи гузашта боз 215 364 нафари дигар чун мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА то кунун аз ин беморӣ дар олам 1 миллиону 943 ҳазору 432 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар шабонарӯзи гузашта боз 3 264 нафар фавтиданд. Шумори пурра муолиҷашудагон 64 миллиону 825 ҳазору 048 нафар эълон гардид.
Бино ба хабари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз аввали ҳамагирӣ дар кишвар 13 308 нафар чун мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Шумори муолиҷашудагон 13215 нафар ё 99,3% ва фавтидагон 90 нафар эълон шудааст.
Аз ин ҳамагирӣ бештар ИМА ҷабр мебинад. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз танҳо шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 269 623 нафар ба ин вирус гирифтор шуданд. Аз ин беморӣ зарфи шабонарӯзи гузашта 720 нафар ҷон бохтанд.
Русия дар шохиси кишварҳои гирифтор ба коронавиру дар ҷойи чорум аст. Дар се ҷойи аввал ИМА, Ҳинд ва Бразилия ҷой гирифтаанд.
Дар Прага бар зидди тамдиди муҳлати локдаун тазоҳурот карданд. Ҳукумати ин кишвар тасмим гирифт маҳдудиятҳои шадиди зиддикоронавирусро то 22 январ тамдид кунад. Бино ба гузориши хабаргузориҳо бештар аз 2 ҳазор нафар норозиёни ин қарор ба кӯчаҳо рехтанд ва аз ҳукумат талаб карданд маҳдудиятҳоро лағв кунад. Онҳо дар даст плакатҳое доштанд, ки навишта шуда буд” “Садди роҳи террори коронавирусӣ шавед!”, “Мо гӯсфанд нестем!”. Ба ин тазоҳурот соҳибони тарабхрнаҳо ва мураббиёни фитнес сарварӣ мекарданд.
Дар Русия аввалин ҳодисаи мубталоӣ ба гунаи британиёии коронавирус ба қайд гирифта шуд. Ин нафар ахиран аз Британияи Кабир баргашта буд.
Дар Ҷопон чор ҳодисаи гирифторӣ ба штамми нави коронавирус COVID-19 сабт шуд. Ин чор нафар рӯзи 6 январ аз Бразилия омада буданд.
Дар Африқои Ҷанубӣ аввалин бор мутатсияи нави коронавирус - 501.V2 ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта сабт шуда буд. Ҳоло ин навъи вирус яке аз сироятшудатарин дар миёни сокинони ин кишвар аст.
Тақрибан рӯзҳои 20 январи соли равон аввалин мулоқоту суҳбатҳои коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар мавриди истифодаи воксани "Спутник V" дар ҳолатҳои фавқулодда баргузор мешавад. Ин машваратҳо қарор аст ба тариқи онлайн сурат гиранд.
Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар 83 минтақаи Русия 22 851 ҳодисаи нави гирифторӣ ба КОВИД -19 сабт шуд. 11,3 дарсади аломати ин беморӣ надоштанд. Сироятшудагони бештар дар шаҳрҳои Москав (4 216), Санкт-Петербург (3 010), вилоятҳои Москав (1 292), Нижегород (472) ва Воронеж (390) ба қайд гирифта шуданд.
Алҷазоир аввалин кишвари қораи Африқост, ки воксани «Спутник V»-ро ба қайд гирифт.
8 январ таҳлилгари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Мария ван Керкхове изҳор дошт, ки гунаи нави британиёии коронавирус дар олам ба суръати бештар паҳн мешавад.