COVID-19: Шумори мубталоён дар олам ба 52 миллион наздик мешавад. Панҷгонаи пурсирояттарин кишварҳо: ИМА, Ҳинд, Бразилия, Фаронса ва Русия. Бразилия санҷиши клиникии воксани чинии Coronavac-ро боздошт
Чоп шуд: 11/11/2020 | redaktor
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар оламро субҳи имрӯз 51 миллиону 810 ҳазору 343 нафар эълон кард. Ин манбаъ аз сирояти боз 158 ҳазору 892 нафар ва марги 3 ҳазору 845 нафар хабар дод. Аз оғози пандемия аз коронавирус дар ҷаҳон 1 миллиону 279 ҳазору 546 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 36 миллиону 395 ҳазору 204 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Тибқи иттилои ҳамин манбаъ ҳоло...