Шуъбаҳои муолиҷавии бемористонҳои Британия аз гирифторон ба коронавирус лабрез шудаанд, вале боз ҳам муҳаққион ба ин назаранд, ки ба хона рухсатшудагон шадидан зери назорат гирифта шаванд. Наздик ба 30% мубталошудагони авҷи аввали коронавирус, ки аз беморхонаҳо рухсат шуда буданд, муддати панҷ моҳи охир дубора ба бемористон баргаштанд. Дар ин бора таҳқиқоти муштараки донишгоҳи Лестер ва Бюрои милии омор гувоҳӣ медиҳад.
Донишмандон гурӯҳеро иборат аз 47780 нафар аз ҷумлаи собиқ мубталоён мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Ҳиссаи дақиқи бозгаштагон ба беморхонаҳо дар муддати 140 рӯзи охир 29,4%-ро ташкил дод. 13,3 дарсади онҳо фавтиданд. Бисёре аз ин беморон гирифтори касалиҳои дил, қанд, хуруҷи бемориҳои пешинаи ҷигар ва гурда шуданд.
Дар Британияи Кабир то ба имрӯз бештар аз 4 миллион нафар зидди коронавирус эм карда шудаанд. Аз миён каме бештар аз 450 ҳазор нафар вояи дуюми онро низ гирифтанд, омадааст дар як ҳисоботи ҳукумати ин кишвар.
Вазири тандурустии Австралия Брендан Мерфи ба ин назар аст, ки кишвараш наметавонад марзҳояшро ҳатто то охири соли равон ҳам боз кунад. "Ман фикр мекунам, ки мо аксари сол бо маҳдудиятҳои назарраси убури марз зиндагӣ хоҳем кард, - гуфт ӯ. - Ҳатто агар мо аксари аҳолиро эм кунем, намедонем, ки ин паҳншавии вирусро бозмедорад ё не."
Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейсус ахиран дар ҷаласаи Шӯрои иҷроияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бахшида ба ташаббуси COVAX, ки қарор аст воксанро миёни кишварҳои фақир ва камсармоя ройгон тақсим кунад, суханронӣ кард. То кунун 80 кишвари олам барои ширкат дар барномаи ёдшуда изҳори омодагӣ кардаанд. Дар миёни онҳо аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, Эстония, Арманистон ва ғайра ном бурда мешавад.
Адитя Сингх хеле метарсид аз тарси коронавирус парвоз кунад ва муддати се моҳ дар фурудгоҳи Чикаго зист. Аммо тӯли ин муддат касе ӯро пай набурд. Рӯзи шанбе Сингхро баъди он ки корманди фурудгоҳ аз ӯ хост аснодашро нишон диҳад, ошкор намуданд. Пулис мегӯяд Сингх сокини Лос-Анжелес буда, рӯзи 19 октябр ба Чикаго омад ва дар фурудгоҳ баногоҳ бейджи гумшудаи корманди фурудгоҳро пайдо кард. Дар додгоҳ вай гуфт, ки барои ба хона баргаштан вай аз ковид тарсида буд.