Бо мақсади омода намудани аҳолӣ, ҳайати роҳбарикунандаи вилоят ва тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, омода намудани табақаҳои гуногуни аҳолӣ ба ҳолатҳои фавкулодда, амал хангоми сар задани ҳолатҳои фавкулодда ҳамасола дар Маркази таълими-методии Раёсат машғулиятҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.
Дар доираи гузаронидани машғулиятҳо вобаста ба омода намудани аҳолӣ аз тарафи ҳайати шахсии Маркази таълимӣ-методии Раёсат бо 31 нафар мудирони қисми илмии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд ва 100 нафар роҳбарони синфҳои 2-6-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машғулиятҳо ташкил ва гузаронида шуданд. Дар рафти машғулиятҳо офатҳои табиие, ки дар ҳудуди вилояти Суғд хавфи ба вуқўъ омаданд доранд, таснифоти ҳолатҳои фавқулодда, Вазифаҳои зернизоми вазифавии пешгирӣ ва рафъӣ ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи тиббӣ-биологӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда, Тартиби таъсис додани нерўҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, фаъолияти комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда, комиссияи эвакуатсионӣ, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба зарардида, худнаҷотдиҳӣ ва наҷот додани атрофиён ва дигар мавзўъҳо омўзонида шуданд.
Ҳамзамон дар рафти машғулиятҳо аз тарафи афсари калони маркази таълимӣ – методии Раёсати вилоят капитан Ғуфрон Содиқов доир ба масъалаҳои зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи таҷҳизоти гармидиҳӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ барои сироят нашудан ба бемориҳои мавсимӣ машваратҳо дода шуданд.
Дар ҷамъбасти машғулиятҳо ба иштирокчиён маводҳои методӣ, дар шакли брошюраҳо ва буклетҳо, видеороликхо, слайдхо супорида шуданд.
Маврид ба ёдоварист, ки Маркази таълимӣ-методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд муассисаи доимоамалкунандаи таълимии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд мебошад.
Ш. Бутаева