Хушбинии сарвари бемористони Ибни Сино аз ақибнишинии КОВИД-19 дар Тоҷикистон

Сарвари бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода аз он изҳори хушбинӣ мекунад, ки КОВИД-19 ақиб менишинад, шумори муроҷиати шаҳрвандон ба бемористонро шадидан коҳиш меёбад, талафоти ҷонӣ ба назар намерасад. Вай дар як навиштаи кутоҳ дар саҳифаи худ дар Фейсбук атрофи ин масъала изҳои назар кардааст, ки онро айнан меорем.
Ба назар мерасад, ки ҳақиқатан вирус ақибнишинӣ кард.

Тозаахбори ин соат. Боди харобкор дар Хатлон, поккориҳо дар Суғд ва шаҳри Душанбе

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва  мудофиаи гражданӣ дар вилояти  Хатлон рӯзи 5-уми июни соли 2020 тахминан соати 18:00 дақиқа дар натиҷаи вазидани шамоли сахт дар ҷамоати деҳоти Ҷиликул, деҳаи Бадахшон 3 адад симчӯби барқии 220 клв ва дар ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Москва 12 симчӯби ҳаҷмаш хурдтар, ки барои чароғакҳои роҳи оҳан қувваи барқ медод, чаппа шудааст.

Идомаи корҳои бартарафсозии паёмадҳои сел дар ноҳияи Хуросон. Рӯзи 5-уми июн

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дарвилояти Хатлон рӯзи 5-ми июни соли ҷорӣ барои бартараф сохтани оқибатҳои сел дар рустоҳои осебдидаи ноҳияи Хуросон корҳои зерин анҷом дода шуданд:

-  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ситоди...

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ки 57 дарсади мубталоён ба коронавирус шифо ёфтанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то имрӯз, 5 июни соли равон дар мамлакат 1355 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 219 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Ҳамзамон, то соати 17: 20 дақиқаи 5 июн  дар кишвар 4370 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар...

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19...” содир шуд

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” содир шуд. Сарвари давлат бо имзои ин санади муҳим як  барномаи мубориза зидди коронавирус дар Тоҷикистонро муаррифӣ карданд ва Ҳукумати кишвар вазифадор шудааст онро дақиқан амалӣ созад.  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби

Страницы