Covid-19: Аврупо тадриҷан ба карантин ва маҳдудиятҳои шадидтар бармегардад. Болотарин сатҳи сироят ва маргумир аз коронавирус ҳамоно дар ИМА ва Ҳинд аст
Чоп шуд: 29/10/2020 | admin
Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам 131 ҳазору 101 нафар ба Covid-19 мубтало шудаанд ва шумори умумии сироятёфтагон ба 44 миллиону 774 ҳазору 241 нафар расидааст. То кунун бар асари коронавируси нав дар кулли кишварҳои олам 1 миллиону 179 ҳазору 224 нафар фавтидаанд. То кунун аз ин беморӣ 32 миллиону 727 ҳазору 138 нафар пурра муолиҷа шуда, ҷон ба саломат бурдаанд.