Тибқи банди 4 қарори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2020 "Дар бораи баргузории ҷаласаҳои ҷамъбастии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳру ноҳияҳои кишвар", 28 декабри соли 2020 бо ширкати Раиси вилояти Хатлон – Қурбон Ҳакимзода ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник М. Салимзода дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Дар он натиҷаҳои омодагии бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ҷамъбаст карда шуданд.
Дар ин ҷаласа ҳисоботи шахсони масъул дар бораи корҳои анҷомдодашуда, инчунин омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои вобаста ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар баҳори соли 2021 шунида шуданд.
Дар охир ба иштирокчиёни ҷаласа таҷҳизоти махсус ва нави наҷотбахш барои дастаҳои имдоди Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон намоиш дода шуданд ва имдодгарон чандин амалҳои наҷотро амалан нишон доданд.